<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>B</key>
<title>Дидори Ӯ бошад яқин Хд192</title>
<lyrics>[V1]
.   B        Eb   B
 Дидори Ӯ бошад яқин,
.  F          B    F
 Зеро ки мебошад амин.
.   B    Eb    B   F
 Ӯ ваъда дода инчунин
.     B         Eb  F B
 Бар ҷумлаи мо, мӯъминин.

[V2]
 Некӯ бувад рафтори Ӯ,
 Бошад муҳаббат кори Ӯ.
 Ҷонам хуш аз гуфтори Ӯ,
 Дил толиби он шамси дин.

[V3]
 Чунки Худованд Ӯ бувад,
 Роҳам ба сӯи Ӯ бувад.
 Моро ҳаёт аз Ӯ бувад,
 Дигар набошад дил ғамин.

[V4]
 Мо ҷумла аъзо, Ӯ сар аст,
 Рӯҳаш ба қалбам андар аст.
 Ин рамаро Ӯ раҳбар аст,
 Моро бувад ёру муин.

[V5]
 Рӯзе ки шуд сӯи само,
 Пинҳон шуд аз дидори мо.
 Гуфт Ӯ, ки ҳастам бо шумо,
 Дар ваъда мебошад амин.</lyrics>
<hymn_number>192</hymn_number>
</song>